Ифтитоҳи низоми нави ҷамъоварии лоиҳаҳо дар соҳаи инноватсия ва ихтироъкорӣ

Июнь 20, 2017 16:51

ДУШАНБЕ, 20.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар (декабри соли 2016) бо мақсади  дарёфти афроди лаёқатманд ва боистеъдод дар самти навоварию ихтироъкорӣ, алалхусус наврасону ҷавонон, дастгирии онҳо ва тарғибу ташвиқи соҳа дар байни аҳолӣ бори аввал дар ҷумҳурӣ бо ибтикори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми нави пешниҳоди лоиҳа ва навовариҳои характери ихтироъкорӣ ва инноватсионидошта  (тариқи электронӣ)  дар сомонаҳои  интернетии www.tajpatent.tj ва www.innovation.tj роҳандозӣ карда шуд.

Тавре аз Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» хабар доданд, мақсад аз ташкил намудани чунин тарзи коргузорӣ боз ҳам осон ва камхарҷ пешниҳод намудани лоиҳа ва навовариҳои инноватсионӣ аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ  мебошад. Ҳар як шахс новобаста аз синну сол ва соҳаи фаъолият  метавонад ба сомонаҳои зикршуда ворид гардида, лоиҳа ва навоварии худро ба унвонии Муассиса пешниҳод намояд.

Мутахассисони Муассиса лоиҳа ва навовариҳои инноватсиониро мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор дода, ба шаҳрвандон дар такмил ва коркард намудани лоиҳаҳо ва навовариҳо кумаки худро мерасонанд.

Он лоиҳаҳо ва ғояҳои нави инноватсионӣ, ки муфид ва хусусияти дар саноат татбиқшавандагӣ доранд, аз ҷониби Муассиса ба вазорату кумитаҳо ва ширкату корхонаҳои дахлдор бо мақсади ҷалби сармоягузорӣ  ва дар амал татбиқ намудан пешниҳод карда мешаванд.

Ҳамчунин аз ҷониби Муассиса  лоиҳаҳо ва ғояҳои нави инноватсионии беҳтарин дар дохил ва беруни кишвар ба ҷомеа муаррифӣ ва қадрдонӣ карда мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки дар ин замина манбаи ягонаи ҷумҳуриявӣ оид ба наврасон ва ҷавонони боистеъдод ва эҷодкор дар самти навоварӣ ва ихтироъкорӣ таъсис дода мешавад.

Пешниҳоди лоиҳа ва навовариҳои инноватсионӣ тариқи электронӣ дар сомонаҳои  интернетии www.tajpatent.tj ва www.innovation.tj пурра ба таври ройгон ба роҳ монда шудаанд.

 

Июнь 20, 2017 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад