Илҳом Алиев нақши мақомоти гумруки ИДМ-ро дар рушди иқтисодиёти кишварҳои ИДМ муҳим унвон кард

Июнь 15, 2017 08:33

ДУШАНБЕ, 15.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро /ИДМ/, ки ҷиҳати ширкат дар ҷаласаи 65 — уми Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ дар Боку қарор доранд, ба ҳузур пазируфт.

Президенти Озарбойҷон изҳори қаноатмандӣ намуд, ки дар ҷаласа масъалаҳои муҳими марбут ба таҳкими ҳамкории гумрукии кишварҳои ИДМ баррасӣ гардида, аз натиҷаи он қарорҳои дахлдор қабул хоҳанд гашт.

Сарвари Озарбойҷон зикр намуд, ки мақомоти гумруки кишварҳои ИДМ  барои рушди кишварҳои Иттиҳод, таъмини даромади буҷет  ва тамоюли рушди иқтисодиёти миллии кишварҳои ИДМ  нақши муассир мегузорад. Мавриди зикр аст, ки 14 июн дар Боку ҷаласаи 65 — уми Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ  баргузор гардид.

Дар ин ҷаласа аз Тоҷикистон сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфатоҳи Ғоиб ва сардори Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзӣ Изатулло Зайдуллоев иштирок намуданд.

Дар ҷаласа роҳбарони мақомоти гумруки ИДМ  масъалаҳои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома дар бораи ҳамкорӣ ва расонидани кумаки мутақобила дар фаъолияти гумрукӣ,  мубодилаи маълумот барои муайян намудан ва назорати арзиши гумрукии мол дар кишварҳои  ИДМ, тартиби ҷорӣ намудани низоми идораи таваккал дар фаъолияти мақомоти гумруки давлатҳои ИДМ ва дигар масъалаҳои муҳими ҳамкории байналмиллалии гумрукиро баррасӣ намуданд.

Июнь 15, 2017 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа