Ҷилавгирӣ аз қочоқи «Русская водка» дар Бадахшон

Июнь 6, 2017 08:43

ДУШАНБЕ, 06.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Гумрукчиёни тоҷик  дар дидбонгоҳи гумрукии  «Қизил Арт»-и Бадахшон аз қочоқи 720 адад шишаи арақи тамғаи  «Русская водка»-и  истеҳсоли Қирғизистон ҷилавгирӣ карданд.

Бинобар иттилои маркази  матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин миқдор арақи «Русская водка» ба шаҳрванди Ҷумҳурии  Қирғизистон  М.А, ки алҳол дар шаҳри Хоруғ муваққатан истиқомат дорад, мансуб буда, онро шаҳрванди 48 –солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон О. А., ки сокини ноҳияи   Мурғоб аст,  тавассути  воситаи нақлиёти сабукрави тамғаи УАЗ — 469, рақами қайди давлатиаш 06 КG 725 АА,  бо роҳи қочоқ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ворид намудааст.  Дар хабари мақомоти гумрук доир ба арзиши умумии миқдори зиёди машруботи спиртии мусодирашуда чизе гуфта нашудааст.

Дар асоси моддаи 577 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба афроди қонуншикан парвандаи маъмурӣ боз карда шуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Июнь 6, 2017 08:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст