Имрӯз, 10 июни соли 2017 аст, рӯзи шанбе, рӯзи 161-уми сол аст. То охири соли равон боз 204 рӯзи дигар мондааст

Июнь 10, 2017 08:00

Шукух

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша    

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

 

10 июни соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар мулоқоти Сарони ҳукуматҳои  Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар карда буданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2010 Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Ху Ҷинтао ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тошканд бо ҳам мулоқот намуданд. Дар вохўрӣ масоили ҳамкории гуногунпаҳлўи дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар баррасӣ гардид.

***

11 июни соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Бонки сармоягузории Аврупо ташриф оварда, бо Президенти он Филипп Мейштадт мулоқот намуданд. Дар ҷараёни суҳбат Ф. Мейштадт зикр намуд, ки Бонки сармоягузории Аврупо омодааст барои рушди босуръати иқтисоди миллии Тоҷикистон кӯмак намояд.

***

10 июни соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ аз шаҳри Вена- пойтахти Австрия ба Люксембург сафар намуданд. Бегоҳии ҳамон рӯз Сарвари давлат бо як қатор роҳбарон ва намояндагони ташкилоти ҷамъиятии тоҷикон ва тоҷикистониёни муқими Нидерландия, Белгия ва Люксембург мулоқот намуда буданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 Раиси Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба Раиси Палатаи қонунгузории Маҷлиси Олии Ӯзбекистон Дилором Тошмуҳаммадова оид ба вазъи экологии атрофи Корхонаи воҳиди давлатии «Талко» муроҷиатнома ирсол намуда буд.

***

10 июни соли 2014 дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Латвия Андрис Берзинш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бизнес-форуми доираи соҳибкорони Тоҷикистон ва Латвия баргузор гардида буд. Дар  маросими ифтитоҳи расмии  бизнес-форум Андрис Берзинш ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода сухан карда буданд.

***

9 сол қабл, дар ин рӯзи соли 2008 дар шаҳри Душанбе аввалин маротиба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази Бунёди «Русский мир» кушода шуд.

***

10 июни соли 2003 дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи расмии бинои нави Сафорати ИМА дар Тоҷикистон баргузор гардид.

***

224 сол муқаддам, 10 июни соли 1793 Вашингтон пойтахти Америка эълон шуд.

***

10 июни соли 1793 дар шаҳри Париж аввалин маротиба Боғи ҳайвонот таъсис дода шудааст.

***

170 сол пеш, 10 июни соли 1847 аввалин шумораи рӯзномаи «Минбари Чикаго» («Чикаго трибюн») нашр шудааст.

***

10 июни соли 1907 муҳандиси фаронсавӣ Люмер роҳи нави чоп кардани суратҳои рангаро пешниҳод намуда буд, ки  барои офаридани филмҳои ранга истифода мешуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1907 дар Хитой сабқати мошинҳои Пекин — Париж оғоз гардида буд, ки 13000 км дарозӣ дошт.

***

10 июни соли 1934 дастаи миллии Италия чемпиони  дуюмкаратаи ҷаҳон оид ба футбол шуд, ки дар бозии финалӣ Чехословакия бо ҳисоби 2:1 мағлаб намуда буд.

***

Дар ин рӯзи соли 1936 дар Москва студияи «Союзмултфилм» таъсис дода шуд. Яке аз маъруфтарин филми мултипликатсионии студияи мазкур, ки дар тамоми қаламрави Иттиҳоди  Шӯравӣ маҳбубият пайдо карда буд, филми «Ҳоло ист» мебошад.

***

Инчунин 10 июни соли 1955 аввалин базаи ҳарбии Америка дар Тайванд таъсис дода шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ

Дар Молдава Рӯзи сарҳадчиён ва дар Россия Рӯзи мебелсозон ҷашн гирифта мешавад.

***

Дар Иордания Рӯзи армияи арабҳоро ҷашн мегиранд

***

Дар Япония Рӯзи соат таҷлил карда мешавад.

***

Дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка Рӯзи пойтахтро ҷашн мегиранд.

 

 

 

Июнь 10, 2017 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш