Имрӯз, 5 июни соли 2017, рӯзи душанбе, рӯзи 156–уми сол аст. То охири соли ҷорӣ боз 209 рӯзи дигар мондааст

Июнь 5, 2017 08:28

Шукух

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша  

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

 

5 июни соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Вэн Ҷябао мулоқот намуданд. Дар мулоқот масоили ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишвар ба таври муфассал баррасӣ шуданд.

***

5 июни соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими оғози сохтмони қисмати туркманистонии роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ба шаҳри Атамуроди Туркманистон сафар карда буданд.

***

Чор сол қабл, 5 июни соли 2013 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикисон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ»-ро, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   ба Парлумон пешниҳод гардида буд, баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар шаҳри Гарлики Туркманистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бедимуҳаммедов мулоқот карданд. Ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишварро баррасӣ намуданд.

***

56 сол қабл, дар ин рӯзи соли 1961 Ҳафтаи адабиёти қирғиз дар Тоҷикистон оғоз гардид.

***

77 сол қабл, 5 июни соли 1940 дар Америка аввалин чархҳои синтетикӣ-резинӣ ба намоиш гузошта шуданд.

***

50 сол пеш, дар ин рӯзи соли 1967 миёни Исроил ва Миср, Сурия ва Иордания ҷанги шашрӯза оғоз гардида буд.

***

5 июни соли 1993 дар Москва  Маҷлиси умумии конститутсионӣ ба кори худ шурӯъ кард.

***

5 июн дар Озарбойҷон Рӯзи кормандони хоҷагии об ва мелиоратсия таҷлил карда мешавад.

***

Ҳамасола дар Дания 5 июн иди давлатӣ-Рӯзи Конститутсия таҷлил карда мешавад, ки аз соли 1849 ба роҳ монда шудааст.

***

5 июн дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист таҷлил карда мешавад. Ин ид ба хотири бештар ҷалб намудани диққати экологҳо ва  мақомоти ҳифзи муҳити зист ба табиат   равона шудааст. Таҷлил намудани ин рӯз бо қарори махсуси Созмони Милали Муттаҳид аз 15 декабри соли 1972 ба миён омадааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ин рӯзро таҷлил менамоянд.

 

 

 

 

 

 

Июнь 5, 2017 08:28

Хабарҳои дигари ин бахш