Имрӯз ҳарорати ҳаво дар баъзе минтақаҳои кишвар ба 44 дараҷа мерасад
ДУШАНБЕ, 19.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар, имрӯз, 19 июн дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, гармии он дар баъзе минтақаҳо ба 44 дараҷа мерасад.
Бар асоси пешгӯии Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо боридани борон дар назар дошта шудааст. Дар ғарби вилоят шабона 12-17 ва рӯзона 29-34 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи он шабона то 5 дараҷа ва рӯзона аз 15 то 20 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар водиҳо шабона 22-27 ва рӯзона 39-44 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда мешавад. Эҳтимоли боридани борон ва раъду барқ дар баъзе ноҳияҳо вуҷуд дорад. Ҳаво шабона 21-26 ва рӯзона 36-41 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок гардида, дар бархе аз ноҳияҳо боридани борон дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона ба 20-25 ва рӯзона ба 37-42 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри тағйирёбанда дар назар аст. Гармии ҳаво шабона 29-22 ва рӯзона 38-40 дараҷаро ташкил медиҳад.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






