Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
ДУШАНБЕ, 20.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 20 июн дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо боридани борон дар назар дошта шудааст.
Бар асоси пешгӯии Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо борон меборад. Дар ғарби ВМКБ шабона 11-16 ва рӯзона 27-32 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона то 5 дараҷа ва рӯзона аз 13 то 18 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар водиҳо шабона 20-25 ва рӯзона 38-43 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар вилояти Суғд низ ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ва борони кутоҳмуддат дар назар дошта шудааст. Ҳаво шабона 20-25 ва рӯзона 37-42 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок гардида, дар бархе аз ноҳияҳо боридани борон дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона ба 16-25 ва рӯзона ба 36-41 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри тағйирёбанда дар назар аст. Гармии ҳаво шабона 17-19 ва рӯзона 38-40 дараҷаро ташкил медиҳад.








3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






