Имрӯз дар Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2017 дар Остона Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 12.06.2017. /АМИТ Ховар/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 9 июн дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон маросими расмии ифтитоҳи Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2017 баргузор гардид, ки дар он сарони бисёр кишварҳо, аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон иштирок намуданд.
10 июн Намоишгоҳ ба кори худ шуруъ кард. Дар он намояндагони беш аз 100 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат меварзанд.
Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, 12 июни соли равон дар Намоишгоҳи мазкур Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардида, шоми ҳамин рӯз дар Амфитеатр, ки дар ҳудуди Намоишгоҳи ЭКСПО-2017 воқеъ гардидааст, баргузории гала-консерти устодони санъати Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.
Дар ин гала –консерт ансамблҳои «Базморо», «Садои Суғд», «Фалак» ва сарояндагони шинохтаи мо Фотима Машрабова, Дамирбек Олимов, Абдураҳмон Мадхолов, Искандар Тагиров, Раҳматулло Бойматов ва Фарҳод Одинаев ҳунарнамоӣ намуда, санъати мусиқии тоҷикро пешниҳоди ширкаткунандагон ва меҳмонони ЭКСПО-2017 хоҳанд кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст






