Имрӯз дар Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2017 дар Остона Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад

Июнь 12, 2017 10:29

ДУШАНБЕ, 12.06.2017. /АМИТ Ховар/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 9 июн дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон маросими расмии ифтитоҳи Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2017 баргузор гардид, ки дар он сарони бисёр кишварҳо, аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон  иштирок намуданд.

10 июн  Намоишгоҳ ба кори худ шуруъ кард. Дар  он  намояндагони беш аз 100 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон    ширкат меварзанд.

Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, 12 июни соли равон дар Намоишгоҳи мазкур Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардида, шоми ҳамин рӯз дар Амфитеатр,  ки  дар ҳудуди Намоишгоҳи ЭКСПО-2017 воқеъ гардидааст,  баргузории гала-консерти устодони санъати Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.

Дар ин  гала –консерт  ансамблҳои «Базморо», «Садои Суғд», «Фалак» ва сарояндагони шинохтаи мо  Фотима Машрабова, Дамирбек Олимов, Абдураҳмон Мадхолов, Искандар Тагиров, Раҳматулло Бойматов ва Фарҳод Одинаев ҳунарнамоӣ намуда, санъати  мусиқии тоҷикро  пешниҳоди ширкаткунандагон ва меҳмонони    ЭКСПО-2017   хоҳанд кард.

 

Июнь 12, 2017 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа