Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст

Июнь 15, 2017 08:41

ДУШАНБЕ, 15.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии  обуҳавошиносии кишвар,  имрӯз, 15 июн дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.

Бар асоси пешгӯии Агентӣ, дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабр буда, дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона  10-15 ва рӯзона 26-31дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона 2-3 дараҷа  ва рӯзона 11-16 дараҷа гармӣ пешгӯӣ шудааст.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, ҳарорати ҳаво шабона ба 13-18 ва рӯзона ба 30-35 дараҷа мерасад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар водиҳо гармии ҳаво  шабона 19-24 ва рӯзона 33-38 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ  ҳаво қисман  абрнок шуда,  дар баъзе маврид  борони кӯтоҳмуддат дар назар дошта шудааст. Дар водиҳо шабона 15-20 ва рӯзона 34-39 дараҷа гармӣ пешгӯӣ шудааст.

Дар шаҳри Душанбе  ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, гармии ҳаво шабона 16-18 ва рӯзона 36-38 дараҷаро ташкил медиҳад.

Июнь 15, 2017 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад