Имрӯз дар Тоҷикистон боридани борон ва раъду барқ дар назар аст

Июнь 5, 2017 11:25

ДУШАНБЕ, 05.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии  обуҳавошиносии Тоҷикистон,  имрӯз, 5 июн дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ҳолат боридани борони кӯтоҳмуддат    ва раъду барқ  пешгӯӣ гардидааст.

Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз   дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон   ҳавои тағйирёбанда,  дар баъзе ҷойҳо боридани борон ва  шабона дар баландии 3500 метр   боридани барф дар назар аст. Ҳаво  дар ғарби вилоят      шабона  9-14 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм хоҳад шуд.  Дар шарқи вилоят  шабона   -1+4 дараҷа   ва рӯзона  11-16  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон    ҳавои   тағйирёбанда шуда,  дар баъзе ҳолат борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ  ва чангу ғубор дар назар аст. Ҳарорати ҳаво   шабона  18-23   ва рӯзона  33-38  дараҷа хоҳад шуд.

Дар  вилояти Суғд ҳаво абрнок мешавад,   борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ  ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо   шабона 17-22    ва рӯзона 31-36  дараҷа  пешгӯӣ гардидааст.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок, дар баъзе маврид борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ мешавад.  Ҳарорати ҳаво  шабона ба 14-19   ва рӯзона ба 31-36  дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе  ҳавои тағйирёбанда  шуда, борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст. Гармии ҳаво шабона 16-18  ва рӯзона 33-35  дараҷаро ташкил медиҳад.

 

Июнь 5, 2017 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад