Имзои Созишномаи сулҳ саҳифаи наверо дар рушди давлатдорӣ боз намуд

Июнь 24, 2017 10:50

ДУШАНБЕ, 24.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Маҳз бо устуворӣ ва иродаи матини Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо шуда, саҳифаи наверо дар таърихи давлатдории навини кишвар боз намуд»,-гуфт Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати  миллӣ.

Дар ҷаласа Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ  кормандонро ба ифтихори 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва иди саиди Фитр  табрик намуд. Таъкид кард, ки маҳз бо шарофати баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон,  ки дар натиҷаи он дар кишварамон сулҳу субот пойдор шуд, нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ рӯ ба афзоиш ниҳода, сатҳи некуаҳволӣ ва зиндагии шоистаи аҳолии кишвар таъмин гардид.

Дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Июнь 24, 2017 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд