Ироаи кумакҳои хайриявӣ ба марказҳои пиронсолон ва маъюбон

Июнь 24, 2017 09:32

ДУШАНБЕ, 24.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни 20 — умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Иди саиди Фитр аз ҷониби кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон ба Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии тавонбахшӣ ва будубоши доимии пиронсолон ва маъюбон дар ноҳияи Бохтар, хонаи пиронсолони шаҳри Қӯрғонтеппа, Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва Филиали ташкилоти ҷамъиятии иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа кумаки моддӣ расонида шуд. Кумакҳо асосан аз маводи хӯрока-  орд, шакар, биринҷ, макарон, картошка, пиёз ва равғани растанӣ иборат мебошад.

Тавре зимни суҳбат сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон Хуршед Рауфзода иброз дошт: «Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба расонидани кумакҳои хайрия ба хонаҳои пиронсолон, маъюбону ятимон ва шахсони ниёзманд, кормандони Раёсат тасмим гирифтаанд, ки дар муҳлатҳои муайян ба қишрҳои ниёзманд  кумакҳои моддӣ расонанд».

 

Июнь 24, 2017 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд