Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии фарҳангӣ ва маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи байналмилалии “Остона ЭКСПО-2017”
ДУШАНБЕ, 10.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якҷо бо сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар ҳошияи ҷаласаи ин созмон дар Театри давлатии опера ва балети “Остона Опера” дар барномаи рангини консертӣ ва дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи байналмилалии “Остона ЭКСПО — 2017” иштирок карданд.
Дар расми тантанавии ифтитоҳи намоишгоҳи махсусгардонидашудаи “Остона ЭКСПО — 2017” роҳбарони 20 кишвари олам, намояндагони кишварҳои аъзои СҲШ ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон иштирок карданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони давлатҳои аъзои СҲШ, инчунин дигар намояндагони воломақоми кишварҳо бо технологияи наву муосир ва дигар дастовардҳо, ки ба маъраз гузошта шуда буд, шинос шуданд.
Маросими ифтитоҳи намоишгоҳи “Остона ЭКСПО -2017” ба рӯзҳои баргузории ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои СҲШ рост омада, аз барномаи фарҳангии консертӣ, намоиши нурчароғ ва мушакпарронии бардавом иборат буд.
Хадаф аз баргузории намоишгоҳи байналмилалии “Остона ЭКСПО -2017” – ро сарони давлатҳо фурсати мусоиди муаррифии дастовардҳо, имкониятҳои ҳамкорӣ, дарёфти шарикони боэътимод барои рушди равобити дуҷонибаю бисёрҷониба маънидод карданд.
Баъди иштирок дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи байналмилалӣ сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ба охир расид.
Шоми рӯзи 9 июни соли 2017 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Остонаи Қазоқистон ба Ватан баргаштанд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд






