Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи сутунпояи Парчами давлатии Тоҷикистон

Июнь 27, 2017 20:12

ДУШАНБЕ, 27.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бегоҳии рӯз баъд аз ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 71-и шаҳри Ваҳдат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодашавии сутунпояи Парчами давлатии Тоҷикистон иштирок варзиданд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди варзишгоҳи муҳташами навбунёд бо баландии 50 метр қомат рост кард. Парчам 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад.

Пешвои миллат бо парафшон кардани Парчам ин рамзи давлатдориро дар маркази шаҳри Ваҳдат расман ифтитоҳ намуданд.

Корҳои сохтмонии Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Некзод» ба иҷро расонида шуд. Аснои ба истифодадаҳии иншооти мазкур зикр гардид, ки арзиши лоиҳавии сохтмони Парчам 1 млн. 650 ҳазор сомонӣ буда, он аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ҷудо шудааст. Назди Парчами давлатии Тоҷикистон сарсабзу хуррам гардонида шуда, ки як гулгашти дилписанду дилнишинро мемонад.

Атрофи саҳни Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат гулзор карда шуда, фаввораҳо фаъол ва муҳити он чароғон кунонида шудааст, ки дили ҳар бинандаро мерабояд. Изҳори эътимод карда шуд, ки аз ин пас дар ин макони зебо ҳамчун нишони садоқат ва меҳру муҳаббат ба рамзҳои давлатӣ чорабиниҳои мухталиф баргузор карда мешавад ва болафшонии Парчами давлатӣ дар назди варзишгоҳи навбунёд ифтихори миллии ҳар бошандаи шаҳри Ваҳдатро боло ва ҳисси меҳандӯстии сокинонро тақвият мебахшад.
Иштирок дар маросими ифтитоҳи сутунпояи Парчами давлатии Тоҷикистон 27.06.2017

Июнь 27, 2017 20:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд