Изҳороти Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба шарҳу тафсири нодурусти муҳтавои Муроҷиатномаи Шӯрои уламо аз ҷониби баъзе расонаҳои хабарӣ
ДУШАНБЕ, 26.06.2017./АМИТ «Ховар»/. Чанд лаҳза пеш ба мо изҳороти Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас шуд, ки ҳоло онро пешниҳоди хонандагон мегардонем.
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон, дуруду салом бар Паёмбари акрам (с) ва бар хонадону ёрони ӯ бод.
Ассалому алайкум бародарони аҳли Ислом. Аввалан ҳамагонро бори дигар ба муносибати фарорасии иди саиди Фитр табрику таҳният намуда, барои онҳо аз даргоҳи Худованд хушбахтию саодатмандиро таманно менамоем.
Пас аз қабули Муроҷиатномаи Шӯрои уламо роҷеъ ба идгардаки кӯдакон ва риояи одоби рӯзи ид аз ҷониби расонаи хабарии «АЗИЯ Плюс» оид ба ин мавзӯъ шарҳи нодуруст баён гардидааст.
Бояд донист, ки мақсади Шӯрои уламо аз қабули ин муроҷиатнома манъи идгардаки кӯдакон набуда, балки беназорат намондани онҳо аз ҷониби волидонашон ва дар ин рӯзи шодию сурур бори гарон нашудан ва ташвиш нарасонидан ба хонаводаҳои муҳтоҷу ниёзманд ва маъюбу бемордошта мебошад.
Ҳадафи дигари муроҷиатнома ин аст, ки дар рӯзи ид ҳангоми оростани дастурхони идона ба исрофкорӣ ва зоҳирпарастиву зиёдаравӣ роҳ дода нашавад, балки сарфаву сариштакорона ин амалро анҷом диҳанд.
Раёсати Шӯрои уламои
Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






