Йога-таҷассумгари ягонагии рӯҳу тан ва ваҳдати инсоният: дар Душанбе 3-юмин Рӯзи байналмилалии Йога таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 17.06.2017 /АМИТ«Ховар»/. Ҳамасола дар ҷаҳон 21 июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии Йога ҷашн гирифта мешавад. Таҷлил намудани ин рӯз 12 декабри соли 2014 дар ҷаласаи 69-уми Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз ҷониби Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ ба миён омада, бо ҷонибдории 177 кишвари олам қабул гардидааст.
Ба ин муносибат имрӯз дар шаҳри Душанбе 3-юмин Рӯзи байналмилалии Йога таҷлил карда шуд, ки дар он Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе ва вазорату кумитаҳои кишвар иштирок доштанд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомнатҳ Гҳош чунин изҳор дошт: «Ин соли сеюм аст, ки дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии Йога ҷашн гирифта мешавад. Сол то сол ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Йога таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд. Бо ин мақсад дар Сафорати Ҳиндустон дарси махсуси Йога ройгон роҳандозӣ гардидааст. Фалсафаи калимаи Йога маънои онро дорад, ки тибқи ин мафҳум тамоми оламиён ба ҳам наздиктар мешаванд. Фикр мекунам, ки ин мафҳум ба гуфтаи Шайх Саъдӣ: «Бани одам аъзои якдигаранд» алоқамандии зич дорад».
«Йога- таҷассумгари ягонагии рӯҳу тан, зеҳну рафтор ва ваҳдати инсон бо табиат мебошад. Гуфтаҳои бузургвори мо Авасто «рафтори нек, пиндори нек ва гуфтори нек» низ ба ин фалсафа ҳамоҳанг аст. Машғулият бо Йога, ки варзиш, фалсафа ва санъатро дарбар мегирад, имкон медиҳад, то инсоният худшинос бошад, маърифати худро такмил диҳад, инчунин бар инсонҳо, миллатҳо ва намояндагони дину мазҳабҳои мухталиф арҷ гузоранд»,- гуфт муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода.









КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






