«Кӯдакон ва наврасон-сарвати бебаҳои миллат»-ҳамоиш бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳофизати кӯдакон

Июнь 1, 2017 14:53

 ДУШАНБЕ, 01.06.2017. /АМИТ «Ховар»/. «Кӯдакон ва наврасон-сарвати бебаҳои миллат» -таҳти чунин унвон  бахшида ба Рӯзи  умумиҷаҳонии муҳофизати кӯдакон дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ҳамоиши Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор шуд.

Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба 150 нафар кӯдакони ниёзманди ҳудуди ноҳия кумаки якдафъаина, аз қабили либос ва туҳфаҳои хотирмон тақдим карда шуданд.

Насимҷон Расулзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ кӯдаконро бо Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрик карда, зикр намуд, ки «ин сана солҳост, ки дар миёни мардуми мо ҳамчун яке аз рӯзҳои муҳим маҳбубияти хосса дорад. Ин ид тақрибан дар тамоми мамлакатҳои сайёра ҷашн гирифта мешавад. Ва ҳамеша ин санаи муқаддас моро водор менамояд, ки барои саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар оила ва мактаб, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда кӯшиш намоем. Мо онҳоро бояд дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поку беолоиши онҳо ҷой диҳем».

Ба таъкиди Сарвари давлат, «кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар  миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад».

Дар ҳамоиш аз ҷониби Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ саҳначаҳо намоиш дода шуданд.

Кӯдакон ва наврасон _ сарвати бебаҳои миллат_ - аксия бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон _1 Кӯдакон ва наврасон _ сарвати бебаҳои миллат_ - аксия бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон Кӯдакон ва наврасон _ сарвати бебаҳои миллат_ - аксия бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон _2

 

 

Июнь 1, 2017 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад