«Кӯдакон ва наврасон-сарвати бебаҳои миллат»-ҳамоиш бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳофизати кӯдакон
ДУШАНБЕ, 01.06.2017. /АМИТ «Ховар»/. «Кӯдакон ва наврасон-сарвати бебаҳои миллат» -таҳти чунин унвон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳофизати кӯдакон дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ҳамоиши Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор шуд.
Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба 150 нафар кӯдакони ниёзманди ҳудуди ноҳия кумаки якдафъаина, аз қабили либос ва туҳфаҳои хотирмон тақдим карда шуданд.
Насимҷон Расулзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ кӯдаконро бо Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрик карда, зикр намуд, ки «ин сана солҳост, ки дар миёни мардуми мо ҳамчун яке аз рӯзҳои муҳим маҳбубияти хосса дорад. Ин ид тақрибан дар тамоми мамлакатҳои сайёра ҷашн гирифта мешавад. Ва ҳамеша ин санаи муқаддас моро водор менамояд, ки барои саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар оила ва мактаб, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда кӯшиш намоем. Мо онҳоро бояд дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поку беолоиши онҳо ҷой диҳем».
Ба таъкиди Сарвари давлат, «кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад».
Дар ҳамоиш аз ҷониби Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ саҳначаҳо намоиш дода шуданд.











Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд






