Кишоварзони ноҳияи Лахш тасмим гирифтаанд дар 4000 гектар картошка кишт кунанд
ЛАХШ, 02.06.2017. /АМИТ «Ховар»/. Боронҳои пай дар пайи баҳори имсола ва офатҳои табиӣ кишту кори кишоварзони ноҳияи Лахшро каме ба таъхир андохт. Ба номусоидии вазъи ҳаво нигоҳ накарда, то имрӯз дар хоҷагиҳои колективию инфиродӣ дар майдони 1908 гектар картошка кишт шудааст. Сармутахассиси шуъбаи кишоварзии ноҳия Авазбег Маҳмадов оид ба иҷрои супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати азхудкунии заминҳои нав, обёрии заминҳо ва ба чор ҳазор гектар расонидани майдони кишти картошка ва бунёди боғҳои нав, ки зимни сафари корӣ ба ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш, Рашт ва деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвози ВМКБ дода буданд, иброз намуд, ки «дурнамои кишти картошка дар сохтори кишоварзии ноҳия 2200 гектар мебошад. Вале кишоварзони ноҳия тасмим гирифтаанд, ки онро ба 2500 гектар расонанд. Инчунин дар хоҷагиҳои аҳолӣ кишти майдони картошкаро ба 1500 гектар расонидан дар назар аст ва дар ин сурат дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ кишти майдони картошка дар ноҳия 4000 гектарро ташкил медиҳад. Хушбахтона, сокинони ноҳияи Лахш имсол захираи пурраи тухмии картошкаро доро буданд ва танҳо дар сохтори кишоварзӣ 6675 тона картошкаи хушсифати тухмӣ захира шуда буд. Айни замон дар ноҳия кишти картошка бо маром идома дорад».
Тибқи иттилои иқтисодчии филиали рақами 11 -и «Амонатбонк»-и ноҳияи Лахш Насриддин Маҳмудов, барои дастгирии рушди соҳаи картошкапарварӣ дар соли ҷорӣ ба 26 нафар ба маблағи 219 ҳазору 500 сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шуданд.
Мақсуд Асоев, сардори Идораи давлатии беҳдошти замини ноҳияи Лахш гуфт, ки имрӯзҳо техникаҳои муассисаи мазкур бо кумаки раиси ноҳия ва дастгирии маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ дар каналҳои Пиёзӣ бо дарозии 16 километр ва Ҷонқирғиз бо дарозии 10 километр ба тозакунӣ машғуланд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тасмим гирифтаанд, ки шаш адад каналҳои ноҳияро аз регу шағал тоза намуда, 4000 гектар заминҳои корамро обёрӣ намоянд.
Ҳамчунин дар сурати пайдо гардидани маблағгузор барои барқарор кардани канали Мук, ки дарозиаш 8,5 километрро ташкил медиҳад, дар минтақаи Лахш зиёда аз 1000 гектар заминҳои бекорхобида обёрӣ мешаванд ва аз ин ҳисоб майдони кишти картошка низ зиёд мегардад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






