Конференсияи илмӣ-адабӣ дар Вазорати фарҳанг: дар мавзӯи Ваҳдат зиёда аз 5000 маводи чопӣ ва электронӣ интишор гардидаанд
ДУШАНБЕ, 23.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 июни соли 2017 конференсияи илмӣ-адабӣ ва маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 20 –солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.
Тавре аз Маркази матбуоти ин вазорат хабар доданд, конференсияро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ табрик намуд.
Сипас, директори Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот» Шарифҷон Комилзода дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ – дастоварди бузурги даврони соҳибистиқлолӣ» маърӯза намуд. Номбурда зикр кард, ки тӯли 20 сол дар мавзӯи Ваҳдат ва ваҳдатшиносӣ аз ҷониби коршиносони ватанӣ ва хориҷӣ зиёда аз 5000 маводи чопӣ ва электронӣ интишор гардидаанд.
«Имрӯз таҷрибаи беназири сулҳофарии тоҷикон мавриди омӯзиши муҳаққиқони зиёди ҷаҳонӣ қарор гирифтааст» — иброз дошт Шарифҷон Комилзода.
Директори Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб» Сироҷиддин Ибронов дар мавзӯи «Корвони китоб дар ҳошияи Ваҳдати миллӣ» маърӯза намуда, зикр кард, ки дар тӯли 12 соли охир дар доираи барномаҳои давлатӣ ва ҷалби дигар манбаъҳо тавассути Корвони «Китоб» китобхонаҳои кишвар бо 315 655 нусха маводи чопӣ мукаммал гардонида шудаанд. Ин иқдом дар ҳошияи нуктаи пандомези Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон:«Миллати мо аз қадим китобдору китобхон буд ва мо бояд ин анъанаро ҳифз намуда, идома диҳем», тарҳрезӣ шудааст.
Сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанг шоир Давлат Сафар ва муовини роҳбари муассисаи нашриявии «Ирфон» Ҳабиб Сулаймонӣ дар васфи Ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат пораҳои шеърӣ қироат намуда, табъи сомеонро хуш гардониданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






