Корҳои мумфаршкунӣ дар роҳи мошингарди минтакаи Зафаробод-Дӯстӣ оғоз шуданд
ХУҶАНД, 09.06.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои кишоварзӣ ва ободонӣ ба ноҳияи Зафаробод сафари корӣ анҷом дод.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иттилоъ доданд, раиси вилояти Суғд зимни шиносоӣ бо корҳои кишоварзӣ ва ободонӣ дар ноҳия, ҳамзамон дар деҳаи Чашмасори ҷамоати ба номи Ҳамид Алиеви ноҳия бо ҷараёни корҳои сохтмони бинои замонавӣ дар назди мактаби рақами 9 барои 240 хонанда дар як баст шинос шуд.
Тавре гуфта шуд, мактаби нав дорои 8 синфхона ва низоми гармидиҳии марказонида буда, он дар арафаи соли нави хониш мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Зимни боздид Раиси вилоят дастур дод, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар гардидани шароити таҳсилу тамрини толибилмон дар мактаб толори варзишӣ бунёд карда шавад.
Дар ин рӯз бо иштироки Раиси вилоят инчунин корҳои мумфаршкунии роҳи Зафаробод-Дӯстӣ оғоз шуданд. Абдураҳмон Қодирӣ зимни шиносоӣ бо корҳо ба маъулин дастур дод, то пеш аз ҳама ба сифат ва муҳлати иҷрои таъмири роҳ диққат диҳанд, зеро роҳи мазкур барои мардуми ин минтақа солҳои дароз хизмат мекунад.
Бояд гуфт, ки амали мазкур бо ташаббус ва маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят рӯи кор омадааст. Роҳи мазкур маркази ноҳияро бо ҷамоати деҳоти Равшан пайваста, дарозии он ба масофаи 27,6 километр ва паҳноии то 8 метр таъмиру навсозӣ хоҳад шуд.
Фармоишгари сохтмони роҳ Идораи сохтмони асосии вилоят буда, мумфаршкунии онро ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Рахшонсоз» ва «Роҳи обод» ба зимма гирифтаанд.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






