Корхонаи оби маъдании «Файзобод» 12 нафарро бо ҷойи кор таъмин намуд

Июнь 30, 2017 10:33

ФАЙЗОБОД, 30.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  «Гумбулоқ» имсол дар корхонаи оби маъдании  «Файзобод» 12 нафарро бо ҷойи кор таъмин намудааст.  Дар ин бора  ба мухбири АМИТ «Ховар» директори корхонаи мазкур  Акрамҷон Гулов иттилоъ дод.

Ба иттилои манбаъ, корхонаи мазкур дар як шабонарӯз 3000 литр оби маъданиро  коркард ва ба сокинони ҷумҳурӣ пешниҳод менамояд.

Оби маъдании  «Файзобод»  аз умқи 1350 метр берун меояд ва    ҳарорати он 25-28 дараҷаро ташкил медиҳад, таркиби он аз элементҳои гидрокарбонат, намаки сулфат, карбон, калий, калсий ва натрий иборат мебошад.

Дар асоси тавсеаи табибон оби маъдании «Файзобод» хусусияти шифобахшӣ дошта, ба бемориҳои давомноки меъда, рӯдаи  дувоздаҳангушта, ҷигар, талха ва мубодилаи моддаҳо таъсири хуб мебахшад.

Масъулини корхона  тасмим доранд, ки дар оянда истеҳсоли оби маъданиро дар як шабонарӯз ба 15 ҳазор литр расонида, шумораи  коргаронро боз ҳам  зиёд намоянд.

 

Июнь 30, 2017 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад