Корхонаи оби маъдании «Файзобод» 12 нафарро бо ҷойи кор таъмин намуд
ФАЙЗОБОД, 30.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Гумбулоқ» имсол дар корхонаи оби маъдании «Файзобод» 12 нафарро бо ҷойи кор таъмин намудааст. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» директори корхонаи мазкур Акрамҷон Гулов иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ, корхонаи мазкур дар як шабонарӯз 3000 литр оби маъданиро коркард ва ба сокинони ҷумҳурӣ пешниҳод менамояд.
Оби маъдании «Файзобод» аз умқи 1350 метр берун меояд ва ҳарорати он 25-28 дараҷаро ташкил медиҳад, таркиби он аз элементҳои гидрокарбонат, намаки сулфат, карбон, калий, калсий ва натрий иборат мебошад.
Дар асоси тавсеаи табибон оби маъдании «Файзобод» хусусияти шифобахшӣ дошта, ба бемориҳои давомноки меъда, рӯдаи дувоздаҳангушта, ҷигар, талха ва мубодилаи моддаҳо таъсири хуб мебахшад.
Масъулини корхона тасмим доранд, ки дар оянда истеҳсоли оби маъданиро дар як шабонарӯз ба 15 ҳазор литр расонида, шумораи коргаронро боз ҳам зиёд намоянд.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






