Корманди БДА ҶТ «Амонатбонк» барои тартиб додани расидҳои қалбакӣ дастгир гардид
ДУШАНБЕ, 06.0.2017 /АМИТ «Ховар»/. Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти нозир-хазинадор оид ба мубодилаи асъори филиали №75 БДА ҶТ «Амонатбонк» дар ноҳияи Балҷувон Хосият Муродалиева хабар додааст.
Тавре дар сомонаи Агентӣ омадааст, номбурда дар давраи фаъолияти кориаш ба номи нафақахӯрон дар ҳудуди ноҳияи Балҷувон дар якчанд ҳолат расидҳои қалбакӣ тайёр намуда, дар маҷмӯъ 71862,15 сомониро аз филиали бонк тасарруф карда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Манбаъ ҳамчунин иттилоъ додааст, ки нисбат ба Хосият Муродалиева парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






