Маликшо Неъматов ва Макси Хайнз иқтидорҳои иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистонро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 05.06.2017. /АМИТ «Ховар»/. 2 июни соли равон дар Аcсотсиатсияи палатаҳои савдо ва саноати Германия мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Германия Маликшо Неъматов бо директори минтақавии Аcсотсиатсияи палатаҳои савдо ва саноати Германия хонум Макси Хайнз баргузор шуд.
Тавре аз Сафорати Тоҷикистон дар Германия хабар доданд, Сафири Тоҷикистон ба ҳамсуҳбаташ оид ба имконот ва захираҳои иқтисодии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуда, фазои сармоягузории кишварро барои ҷалби доираҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Германия мусоид арзёбӣ намуд.
Макси Хайнз иброз дошт, ки доираҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорони Германия барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ҳавасманд буда, Ассотсиатсияи онҳо, ки 79 палатаи минтақавиро дар саросари Германия дарбар мегирад, метавонад дар тарғибу муаррифии иқтидорҳои иқтисодӣ ва сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намояд.
Суҳбат дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳуми ҳамдигарӣ доир гардид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






