Милитсия беҳудагардии ноболиғонро пешгирӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 16.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ошкору пешгирӣ намудани ҳолатҳои ба амалҳои ношоиста даст задани насли наврас кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шуъбаи милитсияи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар ҳудуди ин ноҳия чорабиниҳои мақсадноки пешгирикунанда гузарониданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ВКД ҶТ хабар доданд, дирӯз дар доираи ин чорабиниҳо кормандони милитсия аз маркази интернет ва бозиҳои компютерии «Патриот», ки дар кӯчаи Шевченкои ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт фаъолият мекунад, як гурӯҳ хонандагони мактабро, ки саргарми бозиҳои компютерии хусусияти зӯроваридошта буданд, дастгир карданд.
Ҳамчунин дар таҳхонаи чойхонаи «Роҳат», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, ки дар он ҷо маркази бозиҳои компютерии «Реал» ҷойгир аст, шумораи зиёди хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №-8, 52 ва муҳассилини Гимназияи «Ҳилол» боздошт гардиданд.
Муайян шуд, ки онҳо аз хонаҳояшон бо баҳонаи имтиҳонсупорӣ ба мактаб рафтаанд. Аз беназоративу бемасъулиятии волидон ва муассисаҳои таълимӣ истифода намуда, вақти худро дар марказҳои компютерӣ ба корҳои беҳудаи зараровар мегузаронидаанд.
Ба зикри манбаъ, нисбат ба волидони ноболиғону ҷавононе, ки боздошт шуданд, тибқи талаботи қонунгузорӣ чораҳои дахлор андешида мешавад.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






