Минбаъд Президент маоши раисони палатаҳои Парлумонро муқаррар мекунад

Июнь 14, 2017 16:10

ДУШАНБЕ, 14.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Минбаъд музди меҳнати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Дар  ин росто, 14 июн вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон  ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» илова ворид намуданд.

Вакили Маҷлиси намояндагон  Амрихудои Дамдор зимни тавзеҳи  ин масъала гуфт, ки  ба қисми дуюми моддаи 28 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ибораҳои «музди меҳнати» ибораҳои «Раиси Маҷлиси миллӣ, Раиси Маҷлиси намояндагон» илова карда мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки Парлумони Тоҷикистон-Маҷлиси Олӣ аз ду палата — Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат буда, Маҷлиси миллӣ 33 нафар аъзо ва Маҷлиси  намояндагон 63 вакил дорад, ки ба муҳлати панҷ сол таъйин ва интихоб карда мешаванд.

Июнь 14, 2017 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд