Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн
ДУШАНБЕ, 06.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.
Ҳамин тавр, дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн, аз ҷумла, омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Сарфарозам, ки Шуморо ба ифтихори 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон сидқан табрику таҳният гӯям.
Боиси қаноатмандист, ки тайи ин солҳо ҳамкориҳои судманд ва муносибатҳои анъанавии дӯстонаи кишварҳои мо дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ба таври назаррас густариш ёфта, сатҳ ва мазмуни тозаро касб кардаанд.
Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш, изҳори итминон менамоям, ки бо саъю эҳтимоми ҳар ду ҷониб муносибатҳои шарикӣ дар соҳаҳои мухталиф дар оянда низ ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар бо суръати бештар рушду тавсеаи пайгир хоҳанд ёфт. Ҷониби Тоҷикистон барои таҳкими ҳар чӣ бештари ин равобит саъю кӯшиши заруриро ба харҷ хоҳад дод.
Бо ибрози таманниёти беҳтарини пешрафту шукуфоӣ ва амну субот ба мардуми дӯсти Покистон, ба Шумо, ҷаноби Президент, сиҳатии комил, хушрӯзӣ ва дастовардҳои навин хоҳонам».
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла, омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Аз номи Ҳукумат ва мардуми Покистон, мехоҳам таманниёти гарму самимии хешро ба муносибати 25-умин солгарди истиқрори муносиботи дипломатии байни ду кишвар иброз намоям.
Ҳарду кишварҳои моро робитаҳои неки таърихӣ, динӣ ва фарҳангӣ мепайванданд. Покистон дар рушд ва таҳкими ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, энергетика ва мудофиа манфиатдор аст.
Покистон ҳамеша тарафдори сулҳу субот, равобити судманд ва ҳамгироӣ дар минтақа мебошад. Кӯшишҳои дастаҷамъии мо дар ҳошияи Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва дигар созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати ба даст овардани ҳадафҳои матлуб кумак хоҳанд кард.
Бо истифода аз фурсат, бори дигар ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, саломатии комил ва ба мардуми Тоҷикистон сулҳи пойдор ва шукуфоиро таманно дорам.
Хоҳишмандам, Ҷаноби Олӣ, эҳтиромоти фоиқаи маро бипазиред».








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар






