Мубориза алайҳи хомӯшакҳои вараҷаовар дар ҷумҳурӣ оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 23.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъмини сатҳи сиҳатии сокинон аз гирифторшавӣ ба маризии вараҷа, дар асоси супориши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояи Хатлон чорабинӣ ҷиҳати гузаронидани маъракаи заҳрдорупошӣ бар зидди хомӯшакҳои вараҷаовар оғоз мегардад.
Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, гузаронидани чорабинии заҳрдорупошӣ бар зидди хомӯшакҳои вараҷаовар дар доираи амалисозии «Нақшаи миллии стратегӣ оид ба элиминатсияи бемории вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017» ба роҳ монда шудааст.
Бояд зикр намуд, ки чорабинии мубориза алайҳи хомӯшакҳои вараҷаовар аз 1-июли соли равон дар ноҳияҳои Панҷ, Шаҳритус, Қубодиён, Ҷайҳун, Фархор, Ҳамадонӣ ва Ш.Шоҳин оғоз мегардад.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






