Мураббиёни варзидаи КФО дар Хоруғ машғулиятҳои омӯзишӣ баргузор менамоянд

Июнь 12, 2017 14:53

ХОРУҒ, 12.06.2017. /АМИТ «Ховар»/. Мураббиёни варзидаи Конфедератсияи футболи Осиё дар шаҳри Хоруғ дар тӯли даҳ рӯз барои мураббиёни дастаҳои футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва футболбозони наврас давраҳои омӯзиширо баргузор менамоянд.

Тавре ба хабарнигори махсуси АМИТ  «Ховар» дар ВМКБ аз Федератсияи футболи вилоят хабар доданд, барои омода кардани мураббиёни касбӣ бо даъвати Федератсияи футболи вилоят ва Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ду нафар мураббии касбӣ-Боир Эгамбердиев ва Элдар Раҳмоновро аз Конфедератсияи футболи ҷумҳурӣ ба шаҳри Хоруғ фиристонданд. Ва онҳо дар давоми даҳ рӯз ба футболбозон  қоидаҳои футболи касбиро меомӯзанд. Ба қавли Боир Эгамбердиев шавқу рағбати ҷавонону наврасон ба ин бозӣ беандоза аст ва иддае  аз онҳо маҳорати хуб ҳам доранд, аммо азбаски бо қоидаҳои маъмулии футболи муосир чандон ошноӣ надоранд, ҳангоми бозӣ ба иштибоҳҳо роҳ медиҳанд.

Пас аз анҷоми давраҳои омӯзишӣ чанд нафар аз беҳтарин мураббиёни даста соҳиби шаҳодатномаи мураббии касбии футбол мегарданд.

Июнь 12, 2017 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд