«Нақши иттифоқҳои касаба дар амалигардонии шарикии иҷтимоӣ»-конференсияи байналмилалӣ
ДУШАНБЕ, 29.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ибтикори Кумитаи иттифоқи касабаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи Наврӯзи шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Нақши иттифоқҳои касаба дар амалигардонии шарикии иҷтимоӣ» конференсияи байналмилалӣ оғоз шуд.
Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар конференсия намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагон, Академияи илмҳо, Кумитаи иттифоқи касабаи маорифи Аврупо, Иттиҳоди байналмилалии иттифоқҳои касабаи «Маориф ва илм», иттифоқҳои касабаи ҷумҳуриҳои Туркия, Қазоқистон, раисони иттифоқҳои касабаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва вилоятҳо ширкат дошта, нақши иттифоқҳои касабаро дар амалигардонии шарикии иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
Ба иттилои манбаъ, конференсия 2 рӯз идома ёфта, 30 июни соли равон ҷамъбаст мегардад.








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






