«Нақши иттифоқҳои касаба дар амалигардонии шарикии иҷтимоӣ»-конференсияи байналмилалӣ

Июнь 29, 2017 16:46

ДУШАНБЕ, 29.06.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз бо ибтикори Кумитаи иттифоқи касабаи Вазорати  маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи Наврӯзи шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Нақши иттифоқҳои касаба дар амалигардонии шарикии иҷтимоӣ» конференсияи байналмилалӣ оғоз шуд.

Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар  конференсия намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Вазорати маориф ва илм, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагон,  Академияи илмҳо, Кумитаи иттифоқи касабаи маорифи Аврупо, Иттиҳоди байналмилалии иттифоқҳои касабаи «Маориф ва илм», иттифоқҳои касабаи ҷумҳуриҳои Туркия, Қазоқистон, раисони иттифоқҳои касабаи  муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва вилоятҳо ширкат дошта, нақши иттифоқҳои касабаро дар амалигардонии шарикии иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Ба иттилои манбаъ, конференсия 2 рӯз идома ёфта, 30 июни соли равон  ҷамъбаст мегардад.

Июнь 29, 2017 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд