«Нақши Пешвои миллат дар барқарорсозии сулҳ ва Ваҳдати миллӣ»-конференсияи илмию амалӣ дар Роғун
РОҒУН, 07.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи таҳсилоти умумии рақами 2-и шаҳри Роғун бо ташаббуси шуъбаи маорифи шаҳр ва иштироки омӯзгорону меҳмонон дар мавзӯъҳои «Нақши Пешвои миллат дар барқарорсозии сулҳ ва Ваҳдати миллӣ» ва «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» конференсияи илмию амалӣ баргузор шуд. Дар ин бора аз шуъбаи маорифи шаҳри Роғун ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Иштирокдорони конференсия дар мавзӯъҳои «Нақши Пешвои миллат дар барқарорсозии сулҳ ва Ваҳдати миллӣ» ва «Аҳамияти ташаббусҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои ҳифз ва истифодаи оқилонаи оби тоза» маърӯзаҳо шунида, онҳоро баррасӣ карданд.
Дар ҷараёни баргузории конференсия миёни омӯзгорони шаҳри Роғун ва иштирокдорон оид ба мавзӯъҳои муҳим мубодилаи афкор сурат гирифт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






