Намоиши аксҳо дар бораи дастовардҳои Ваҳдати миллии Тоҷикистон дар Малайзия
ДУШАНБЕ, 16.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 20-солагии Ваҳдатӣ миллӣ дар Малайзия бо иштироки ҳамватанони бурунмарзӣ ва донишҷӯёни муқими он оид ба ҳадафи тарғиби ғояҳои сулҳпарваронаи Пешвои миллат намоиши аксҳо дар бораи дастовардҳои Ваҳдати миллӣ ва дарси садоқат ва ватандӯстӣ доир гардид.
Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия хабар доданд.
Тавре ки манбаъ иттилоъ дод, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия Музаффар Муҳаммадӣ ҳозиринро ба муносибати 20-солагии Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, онҳоро ба таҳкими дӯстӣ, поксозии қалбҳо ва ваҳдату ягонагӣ даъват намуд.
Номбурда зимни суханронӣ аз таърих ва дастовардҳои раванди Ваҳдати миллӣ ёдовар шуда, таъкид намуд: «Маҳз бо талошу ҷонбозиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик бо хиради азалии худ тавонист ба ваҳдат ва ягонагӣ бирасад». Музаффар Муҳаммадӣ дар идома аз донишҷӯён даъват намуд, ки ҳадафҳои созандаи роҳбарияти олии кишварро ҷонибдорӣ ва дастурамали ҳамешагии худ қарор диҳанд, инчунин аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ дурӣ ҷӯянд.








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






