Намоиши аксҳо дар бораи дастовардҳои Ваҳдати миллии Тоҷикистон дар Малайзия

Июнь 16, 2017 11:42

ДУШАНБЕ, 16.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида  ба 20-солагии Ваҳдатӣ миллӣ дар  Малайзия бо иштироки ҳамватанони бурунмарзӣ ва донишҷӯёни муқими  он оид ба  ҳадафи тарғиби ғояҳои сулҳпарваронаи Пешвои миллат намоиши аксҳо дар бораи  дастовардҳои Ваҳдати миллӣ ва дарси садоқат ва ватандӯстӣ доир гардид.

Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Сафорати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия   хабар доданд.

Тавре ки   манбаъ иттилоъ дод,  Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия Музаффар Муҳаммадӣ ҳозиринро ба муносибати 20-солагии Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, онҳоро ба таҳкими дӯстӣ, поксозии қалбҳо ва ваҳдату ягонагӣ даъват намуд.

Номбурда зимни суханронӣ аз таърих ва дастовардҳои раванди Ваҳдати миллӣ ёдовар шуда, таъкид намуд:  «Маҳз бо талошу ҷонбозиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик бо хиради азалии худ тавонист ба ваҳдат ва ягонагӣ бирасад».  Музаффар Муҳаммадӣ  дар идома аз донишҷӯён даъват намуд, ки ҳадафҳои созандаи роҳбарияти олии кишварро ҷонибдорӣ ва дастурамали ҳамешагии худ қарор диҳанд, инчунин аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ дурӣ ҷӯянд.

Июнь 16, 2017 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд