Намояндагони Ҳилоли Аҳмари Давлати Кувайт дар марҳилаи якуми тақсимоти кумакҳои башардўстона ширкат варзиданд

Июнь 8, 2017 10:36

ДУШАНБЕ, 08.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони расмии Ҳилоли Аҳмари Давлати Кувайт дар якҷоягӣ бо роҳбарияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон 4 июн дар тақсимоти кумакҳои башардўстона ба оилаҳои мақсадноки шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, ки бар асари офатҳои табиӣ зарар дида буданд, ширкат варзиданд.
Тавре аз маркази иттилоотии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) хабар доданд, кумакҳои мазкур бо дастгирии Ҳукумати Давлати Кувайт ба 900 оилаҳои шаҳру ноҳияҳои мақсадноки вилояти Бадахшон, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ- заминҷунбӣ ва обхезӣ дар солҳои 2015-2017 зарар дида буданд, тарҳрезӣ шудаанд.
Дар натиҷаи сафар ҳайати гурўҳи корӣ аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рўшон, шаҳри Хоруғ оид ба миқдор, тарзи қабул ва тартиби нигоҳдории маводи хўрокворӣ ва ғайрихўрокворӣ, ки барои 591 оилаи водии Бартанги ноҳияи Рўшон ва дигар ноҳияҳои мақсадноки вилоят ҷудо гардидаанд, боздид анҷом доданд.
Қобили зикр аст, ки тартиби дастрас, қабул ва тақсимоти кумакҳои зикргардида тибқи созишнома байни ҷамъиятҳои миллии Ҳилоли аҳмари ҳарду кишвар аз 20 феврали соли 2017 муқаррар гардида, мутобиқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҳамаи кумакҳо ба вилояти Бадахшон интиқол дода шудаанд.
5 июни соли 2017 дар маҳаллаи навбунёди Раҳмонободи ноҳияи Шуғнони вилояти Бадахшон барои 86 оила таксими кумакҳо оғоз гардид, ки дар он намояндагон аз давлати Кувайт низ иштирок намуданд.
Ҳамин тавр, намояндагон бо раванди тақсимот аз наздик шинос шуда, ба он баҳои баланд доданд. Ҳамчунин маводи хайрия ғайр аз маҳаллаи Раҳмонобод, 25 хоҷагӣ дар ҷамоати Ванқалъа, 6 хочагӣ дар ҷамоати Вер, 2 хоҷагии ҷамоати Навобод, 7 хоҷагии ҷамоати Поршинев, 3 хочагии ҷамоати Дарморахт, 10 хоҷагии ҷамоати Сохчарв ва 11 хоҷагии ҷамоати Сучон бархўрдор гаштанд, ки дар маҷмўъ дар ноҳияи Шуғнон ба 150 хоҷагии зарардида кумак расонида шуд.
Ҳамзамон тақсимоти марҳилаҳои минбаъдаи ин кумакҳо ба шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Рўшон, Дарвоз, Ишкошим ва Мурғоби вилояти Бадахшон, ки бар асари офатҳои табиӣ зарар дидаанд, пешбинӣ гардидаанд.

Красный полумесяцКрасный полумесяц-4Красный полумесяц-3

Июнь 8, 2017 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид