«Нелегал-2017»: 20 вайронкунандаи қонунгузории муҳоҷират аз Тоҷикистон хориҷ карда шуданд

Июнь 16, 2017 12:17

ДУШАНБЕ, 16.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 22 май то 2 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва Бадахшон марҳилаи якуми чорабиниҳои фаврӣ-профилактикӣ ва амалиёти махсуси «Нелегал-2017» гузаронида шуданд, ки зимни онҳо 120 ҳолати вайрон намудани қонунгузории муҳоҷират ба қайд гирифта шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни амалиёти махсус дар маҷмӯъ 7150 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар манзилҳои истиқоматӣ, 302 корхонаву ширкат, ки дар онҳо шаҳрвандони хориҷӣ фаъолияти меҳнатӣ менамоянд, аз қабили 55 ширкати сохтмонӣ, 40 ширкати истеҳсолӣ, инчунин 67 бозору марказҳои савдо мавриди санҷиш қарор дода шуданд.

Зимни санҷишҳои муштарак 120 ҳолати вайрон намудани қонунгузории муҳоҷират, аз ҷумла 102 ҳолати вайрон намудани тартиби будубош, бе қайди шиноснома дар мақомоти корҳои дохилӣ ва шиносномаҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беэътибор, 18 ҳолати вайрон намудани тартиби фаъолияти меҳнатӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд муайян карда шуданд.

Ба гуфти манбаъ, вайронкунандагони қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаримабандӣ шуданд. 20 нафар шаҳрвандони хориҷие, ки талаботҳои қонунҳои амалкунандаи будубошро дағалона вайрон намудаанд, тибқи қарори суд аз қаламрави ҷумҳурӣ берун карда шуданд.

Нелегал-3  Нелегал-5

 

Июнь 16, 2017 12:17

Хабарҳои дигари ин бахш

НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд