Нисбат ба қочоқчии «ХL» парвандаи ҷиноятӣ боз гардид
ДУШАНБЕ, 06.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти гумруки Тоҷикистон аз ошкор гардидани 1300 баста нӯшокии нерубахши намуди «XL», ки бо роҳи қочоқ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ворид карда шудааст, иттилоъ медиҳад. Гуфта мешавад, ки миқдори калони нӯшокии нерубахш зимни гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз хонаи сокини шаҳри Исфара С.О. дарёфт ва мусодира гардид. Моли мазкур ба шаҳрванди 23 –солаи Тоҷикистон Ғ.О. мансуб буда, онро ба таври қочоқ аз Қирғизистон дар ду адад нақлиёти боркаши «Мерседес –Бенс-Спринтер» бо рақами қайди давлатии Қирғизистон ба Тоҷикистон ворид намудааст.
Арзиши умумии маҳсулоти бо роҳи қочоқ воридгардида 168 ҳазору 480 сомониро ташкил медиҳад. Дар хабар омадааст, ки нисбат ба шаҳрванд Ғ.О. бо моддаи 289 қисми 2 — и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз карда шуда, ба прокуратураи вилояти Суғд ирсол гардидааст.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






