Нишасти раисони парлумонҳои АвруОсиё дар Сеул
ДУШАНБЕ, 28.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Сеул бо иштироки роҳбарону намояндагони парлумонҳои кишварҳои бонуфузи дунё нишасти дуюми раисони парлумонҳои кишварҳои АвруОсиё баргузор гардид. Тоҷикистонро дар ин нишаст муовини аввали Раиси палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ намояндагӣ менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки нишаст бо ибтикори Думаи давлатии Федератсияи Россия ва Маҷлиси миллии Ассамблеяи Ҷумҳурии Корея гузаронида шуда, роҳбарони ин парлумонҳо Вячеслав Володин ва Чунг Сю Кюун баргузории онро барои рушди парламентаризм ва тақвияти ҳамкории иқтисодӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар нишаст масоили марбут ба таьмини ҳамкории байнипарлумонӣ барои рушди муштарак дар минтақаи АвруОсиё ва мубориза бар зидди терроризм баррасӣ шуданд. Инчунин пешниҳоди Корея оид ба таъсиси кибер -секретариат ва пешниҳоди Россия дар мавриди таъсиси иқтисоди рақамӣ дар баёнияи муштарак қабул гардиданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






