Нишасти раисони парлумонҳои АвруОсиё дар Сеул

Июнь 28, 2017 17:29

ДУШАНБЕ,  28.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  дар Сеул  бо иштироки роҳбарону намояндагони парлумонҳои кишварҳои бонуфузи дунё нишасти  дуюми раисони парлумонҳои кишварҳои АвруОсиё баргузор гардид. Тоҷикистонро дар ин нишаст муовини аввали Раиси  палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ намояндагӣ менамояд.

Бояд тазаккур дод, ки нишаст бо ибтикори  Думаи давлатии Федератсияи Россия ва Маҷлиси миллии Ассамблеяи Ҷумҳурии Корея гузаронида шуда, роҳбарони ин  парлумонҳо Вячеслав Володин ва Чунг Сю Кюун баргузории онро барои рушди парламентаризм ва тақвияти ҳамкории иқтисодӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Дар нишаст масоили марбут ба таьмини ҳамкории  байнипарлумонӣ барои рушди муштарак  дар минтақаи АвруОсиё ва мубориза бар зидди терроризм баррасӣ шуданд.  Инчунин  пешниҳоди Корея оид ба таъсиси кибер -секретариат ва пешниҳоди  Россия дар мавриди таъсиси иқтисоди рақамӣ  дар баёнияи муштарак  қабул гардиданд.

 

Июнь 28, 2017 17:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд