Обхезӣ дар деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон ним шабонарӯз ҳаракати нақлиётро дар роҳи Хоруғ- Мурғоб -Кулма қатъ кард
ХОРУҒ, 19.06.2017. /АМИТ «Ховар»/. Шоми рӯзи якшанбе, 18 июн бо баланд шудани ҳарорати ҳаво сатҳи оби рудхонаи кӯҳии деҳаи Барсеми ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон баланд гардида, роҳи қубурҳои калони обгузарро баст. Дар натиҷа об аз маҷрои худ берун шуд ва як қисмати роҳи мошингардро хароб кард. Ҳаракати автомобилҳои боркашу мусофирбар муваққатан қатъ гардид.
Сардори Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди мавзеи Ғунди ноҳияи Шуғнон Дилшодбек Қосумбеков гуфт, ки соли 2015 оби рудхонаи тарафи рости роҳи мошингард баланд шуда, ба сели калон табдил ёфту наздик ба 80 манзили сокинонро комилан аз байн бурд. Ин рудхона дар тарафи рост, дар километри 634-уми шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Қалъаи Хумб-Хоруғ –Мурғоб-Қулма ҷойгир аст ва соати 22, шаби гузашта оби он баланд шуд ва роҳи мошинагардро хароб кард. Субҳи имрӯз ду трактори пуриқтидор ба ин мавзеъ интиқол дода шуданд ва роҳ дуввумбора боз шуд. Аммо корҳои барқарорсозӣ ҳанӯз идома дорад.
Ба мақсади сари вақт барқарор намудани қитъаи вайронгаштаи роҳ фавран ситоди вилоятӣ ташкил гардида, ҳамаи сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо роҳбарии раиси вилоят Шодихон Ҷамшед ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд. Ба гуфтаи сокинони деҳаҳои Колхозобод ва Барсеми ҷамоати деҳоти Сучон чунин ҳаҷми обро дар руди кӯҳӣ, ки аз назди деҳаҳои номбурда мегузарад, ёд надоранд. Сатҳи об соат ба соат зиёд мегардад ва аз ин рӯ имкони аз сари нав вайрон намудани қитъаи роҳ ҳанӯз вуҷуд дорад. Бинобар ин бо супориши раиси вилоят ба ин минтақа боз чанд техникаву механизмҳои иловагиро интиқол доданд.
Дар ҳамин ҳол оби рӯдхонаи кӯҳии деҳаи Барсем, ки ду соли пеш даҳҳо хонаводаҳоро аз манзили зист маҳрум сохт, баланд шуда, ба таҳкурсии пули мошинагарди байни деҳаи Барсем ва роҳи автомобилгарди Хоруғ–Мурғоб-Кулма сахт осеб расондааст ва ҳаракати мошинҳо, аз ҷумла техникаву механизмҳои пуриқтидор аз болои ин пул ғайримкон гаштааст.
Азбаски аз болои купруки вайрона ба соҳили рост барои соҳилмустаҳкамкунӣ интиқол додани техникаи калонҳаҷм имкон надорад, фақат як боркунак, ки дар деҳа мавҷуд буд, ба кашондани сангҳои калон машғул мебошад. Мутобиқи дастури раиси вилоят Шодихон Ҷамшед маскунони деҳаи Барсеми ҷамоати деҳоти Сучон ба ин макон овардани конструксияҳои оҳану бетонӣ ба таври дастӣ машғул мебошанд. Ба мақсади ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои обхезӣ дар ин мавзеъ аз ҷумлаи роҳбарони сохторҳои марбута гурӯҳи корӣ ташкил шуда, амал намуда истодааст.










Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд






