Омодагиҳо ба таҷлили 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ идома доранд
ДУШАНБЕ, 09.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ваҳдат барои таҷлили 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз рӯи сенарияи муқарраршуда корҳои омодагӣ ҷараён доранд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ба барномаи муҳташами идона аҳли ҳунар ва фарҳанг аз тамоми гӯшаҳои кишвар, аз ҷумла шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, водиҳои Зарафшон, Ҳисор ва Рашт ҷалб карда шудаанд. Дар барнома устодони санъат, ситораҳои эстрада ва санъаткорони ҷавону умедбахш ҳунарнамоӣ мекунанд.
Боиси зикр аст, ки 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ имсол бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат таҷлил карда мешавад. Баргузории тантанаҳои идона шоми 27 июн дар Варзишгоҳи марказии ин шаҳр дар назар аст.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






