Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»: дастовард ва дурнамои он дар шаҳри Душанбе
ДУШАНБЕ, 12.06.2017. /АМИТ Ховар/. Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 9 июни соли 2017 дар бораи баргузор намудани конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»: дастовард ва дурнамои он дар шаҳри Душанбе» ба тасвиб расид. Тавре дар қарор омадааст, конференси мазкур бо мақсади натиҷагирӣ ва арзёбии дастовардҳои 10- солаи татбиқи ин қонун баргузор карда мешавад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, тибқи ин қарор конференсияи мазкур 14 июни соли 2017, соати 9:00 дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» баргузор гардида, шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» барои андешидани тадбирҳо ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ доир намудани ин чорабинӣ вазифадор гардиданд.








Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






