Ошкор гардидани 480 адад телефони мобилии бо роҳи қочоқ воридгардида аз «Идибек» ва «Диёр»

Июнь 2, 2017 09:16

ДУШАНБЕ, 02.06.2017/АМИТ «Ховар»/. 480 адад телефони мобилии тамғаи «Samsung SM-B350E»-и сохти Чин,  ки ба таври қочоқ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ворид карда шудаанд, аз ҷониби кормандони гумрук ва прокуратура  дар анбори ширкати «Роҳи Сомон», воқеъ дар шаҳри Хуҷанд ошкор ва мусодира гардиданд.

Бинобар иттилои Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳруии Тоҷикистон,  480 адад  телефони мобилӣ, ки арзиши умумиашон 160,8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ба шахсони муайяннашуда бо номи «Идибек» ва «Диёр» мансуб буда, ин телефонҳоро шаҳрванди 37-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон А.А аз онҳо қабул намуда, дар анбор пинҳон намудааст.

Аз рӯи ин  ҳолат нисбат ба «Идибек» ва «Диёр» бо моддаи 289 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ба Прокуратураи вилояти Суғд фиристонида шудааст.

 

 

Июнь 2, 2017 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст