Ошкор гардидани 480 адад телефони мобилии бо роҳи қочоқ воридгардида аз «Идибек» ва «Диёр»
ДУШАНБЕ, 02.06.2017/АМИТ «Ховар»/. 480 адад телефони мобилии тамғаи «Samsung SM-B350E»-и сохти Чин, ки ба таври қочоқ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ворид карда шудаанд, аз ҷониби кормандони гумрук ва прокуратура дар анбори ширкати «Роҳи Сомон», воқеъ дар шаҳри Хуҷанд ошкор ва мусодира гардиданд.
Бинобар иттилои Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳруии Тоҷикистон, 480 адад телефони мобилӣ, ки арзиши умумиашон 160,8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ба шахсони муайяннашуда бо номи «Идибек» ва «Диёр» мансуб буда, ин телефонҳоро шаҳрванди 37-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон А.А аз онҳо қабул намуда, дар анбор пинҳон намудааст.
Аз рӯи ин ҳолат нисбат ба «Идибек» ва «Диёр» бо моддаи 289 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ба Прокуратураи вилояти Суғд фиристонида шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






