Ошкор гардидани 855 адад телефонҳои мобилии бо роҳи қоҷоқ воридгардида
ДУШАНБЕ, 23.06.2017/АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби кормандони мақомоти гумруки Тоҷикистон дар панҷ моҳи соли равон 855 адад телефонҳои мобилӣ, ки бо роҳи қочоқ ба ҷумҳурӣ ворид карда шудааст, ошкор гардид. Гуфта мешавад, ки нисбат ба қонунвайронкунандагон як парвандаи ҷиноятӣ ва се парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки дар ин давра якчанд ҳолатҳои марбут ба воридоти молҳои зераксизӣ, аз ҷумла наздик ба 310 килограмм маснуоти заргарӣ, 2,3 миллион литр сӯзишвории дизелӣ ва ду адад воситаи нақлиёт ошкор гардид. Инчунин дар ин давра беш аз 4,9 миллион сомонӣ молҳои гуногун ба расмияти гумрукӣ дароварда шуданд.
Ҳамзамон дар зарфи панҷ моҳи соли равон аз воридоти ғайриқонунии маҳсулоти қаннодӣ, шакар, равғани растанӣ, меваи хушк, доруворӣ ва дигар молҳои мавриди ниёзи аввал ҷилавгирӣ гардид. Дар натиҷа 826 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 18 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Маблағи умумии ҷарима 915,7 ҳазор сомониро ташкил дода, ба андозаи 527,4 ҳазор сомонӣ молҳо мусодира карда шудаанд.








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






