Ошкоркунии 184 ҳолати қонунвайронкунӣ аз ҷониби нозирони кумитаи идораи замини ноҳияи Спитамен
ХУҶАНД, 05.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен оид ба истифодаи самаранок ва оқилонаи замин машварати корӣ баргузор шуд, ки дар кори он раиси ноҳия Акрам Сулаймонзода, муовинон, кормандони кумитаи идораи замин, муҳандис-заминсозони ҷамоатҳо, кормандони раёсати кишоварзӣ ва ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об иштирок доштанд.
Тавре ба АМИТ«Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, раиси кумитаи идораи замин Ашӯралӣ Ҷалилзода зикр кард, ки соли равон дар ноҳия тибқи қарорҳои раиси ноҳия ба 11 нафар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қитъаҳои замин барои сохтмони гуногун вобаста карда шуданд. Аз инҳо 1 қарор барои бунёди фермаи калони шохдор, 1 қарор барои ташкили гармхона ва 9 қарор ҷиҳати сохтмони марказҳои хизматрасонӣ ҷудо шудаанд.
Ҳамчунин дар давраи ҳисоботӣ нисбат ба 72 нафар сокинони ноҳия бинобар сабаби дар қитъаҳои замини ҷудошуда давоми се сол ба сохтмон шурӯъ накардан парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, дар маҷмӯъ соли равон аз тарафи нозирони кумитаи идораи замини ноҳия 184 ҳолати қонунвайронкунии замин дар масоҳати умумии 166,05 га ошкор карда шуд. Дар маҷмӯъ шахсони қонуншикан ба маблағи 44 ҳазору 950 сомонӣ ҷарима баста шуданд.
Дар ҷараёни баррасии масъалаҳо раиси ноҳия ба раисони ҷамоатҳо, шахсони масъул, сардори раёсати омор, идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ ва дигар шахсони масъул дастур дод, ки ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои мавҷуда тадбирҳои зарурӣ андешанд.








«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид






