«Осори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба низоми ягонаи илми ҷаҳонӣ ворид гардид

Июнь 9, 2017 09:04

ДУШАНБЕ, 09.06.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори махсуси Президиуми Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия дар Феҳристи маҷаллаҳои тақризшаванда, ки дар онҳо асосан натиҷаҳои илмии тадқиқоти диссертатсионӣ ба нашр мерасанд, маҷаллаи илмии «Осори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид карда шуд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, эътироф гардидани маҷаллаи илмии «Осори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия далели расман эътироф гардидани маҷаллаи мазкур ва ба низоми ягонаи илми ҷаҳонӣ ворид гардидани он мебошад. Маҷаллаи мазкур дастоварди беназир дар пешбурди фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва умуман олимону донишмандони соҳаи илми ҷумҳурӣ маҳсуб шуда, метавонад барои омода намудани мутахассисони илмӣ-педагогӣ заминаи воқеӣ муҳайё созад.

Ба зикри манбаъ, дар самти ҳамкории байналмилалӣ низ саҳми маҷаллаи илмии мазкур назаррас мебошад. Дар он ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкории ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла намояндагони Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Беларус ва дигар кишварҳои хориҷӣ мақолаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба нашр мерасанд. Ин омил метавонад ҳамчун табодули таҷриба барои инкишофи илми ҳуқуқшиносии муосир мусоидат намояд.

Июнь 9, 2017 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид