Озмуни беҳтарин рассом ва ихтироъкор дар мавзӯи бехатарӣ аз сӯхтор бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

Июнь 1, 2017 08:25

ХОРУҒ, 1.06.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола якуми июн дар саросари ҷаҳон таҷлил мешавад, дар мактаби таҳсилоти миёнаи  умумии рақами дуи шаҳри Хоруғ  бо ибтикори Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ, Корхонаи давлатии «Тоҷиксуғурта» ва Раёсати маорифи вилоят  озмуни вилоятии «Рассом ва ихтироъкори беҳтарин» дар мавзӯи бехатарӣ аз сӯхтор баргузор шуд. Дар озмун рассомону ихтироъкорони наврас аз ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон, Ишкошим, Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ ширкат доштанд.

Сардори Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилоят Анвар Шолангаров эҷодкорони наврасро бо шартҳои озмун шинос намуда, изҳор дошт, ки мақсади озмун огоҳ намудани кӯдакон бо сабабҳои сар задани сӯхтор ва роҳҳои пешгирӣ кардани он мебошад.

Анвар Шолангаров гуфт, ки «назар ба солҳои пеш имсол хонандагон ҳам суратҳои дорои мазмуни баланд ба озмун пешкаш карданд ва ҳам маҳсули эҷоди худро хеле бурро, фаҳмо ва дақиқ муаррифӣ карданд. Ба суолҳои иловагии ҳакамон низ посухи саҳеҳ доданд. Аз суҳбат аён гардид, ки кӯдакону наврасон оид ба оқибатҳои сӯхтор ва тарзи пешгирии он маълумоти кофӣ доранд ва метавонанд  дониши назариявии худро дар амал татбиқ намоянд».

Кори эҷодии хонандаи мактаби рақами дуюми шаҳр хеле ҷолиб буд. Вай дар расми худ бинои таълимгоҳ ва дар канори он ҳавзи беобро тасвир кардааст. Ҳангоми шарҳи расмаш гуфт, ки «пештар дар назди аксарияти муассисаҳои таълимӣ ҳавзҳои махсуси пур аз об мавҷуд буданд ва дар сурати зарурӣ оташнишонон аз оби ин ҳавзҳо истифода мебурданд. Аммо ҳоло бештари ин ҳавзҳо ё аз байн рафтаанд, ё баъзеашон  ба макони ахлотпарто табдил ёфтаанд».

Ин хонанда пешниҳод намуд, ки бояд аз сари нав ҳамаи ин ҳавзҳо барқарор карда шаванд.

Пас аз тамошо ва муҳокимаи маҳсули эҷодкорони наврас ҳайати ҳакамон ғолибонро муайян намуданд.

Ба ғолибон ифтихорнома, мукофоти пулӣ ва роҳхат ба озмуни ҷумҳуриявӣ тақдим карда шуд.

 

Июнь 1, 2017 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст